Mohirdev.TJ

Курси пурраи Вебсайтсозӣ (Web Development)

Бо истифода аз фреймворкҳои Laravel (PHP), Bootstrap, Vuejs ва JQuery, сохтани вебсайти мукаммалро муомӯзед. Дарсҳо аз ҷониби устодони соҳибихтисос навишта шудаанд, шуморо аз 0 то ба ҷои кор омода шудан роҳнамоӣ мекунад.

Сабти ном кардан

Маълумот

Ин курс ба Шумо чи медиҳад?

Дониш ва малака

Дониши тахассусиро гирифта ҳамчун Full Stack Web Developer метавонед кор кунед

Лоиҳаҳо

Дар давоми курс шумо 9 лоиҳаро бо истифода аз технологияҳои муосир анҷом медиҳед.

Шаҳодатнома

Шумо сертификатеро хоҳед гирифт, ки сатҳи дониши шуморо нишон медиҳад.

Оғози касб

Пас аз курси мо, шумо омода хоҳед шуд, ки касби худро бо осонӣ оғоз кунед.

Музди моҳонаи мутахассисони Full Stack Web Developer

Маълумоти намоишшуда ин ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ва Узбекистон аст. Дар Аврупо ва Амрико ин моҳонаҳо 5-10 баробар зиёд мебошанд.

Дар бораи курс

Тартиби курс чӣ гуна аст?

Гурӯҳи пӯшида

Дар гурӯҳи пӯшидаи Telegram донишҷӯён метавонанд дар вақти дилхоҳ аз устодон ва мураббиён ба саволҳои худ ҷавоб пайдо кунанд. Онхо хамеша ба ёрй тайёранд.

Вохӯриҳои онлайни ҳармоҳа

Ҳар моҳ вохӯриҳои калон бо омӯзгорони курс гузаронида мешаванд. Дар рафти мусоҳиба шумо метавонед ба мушкилот ва саволҳои худ посух ёбед.

Видео дарсҳо

Дарсҳо дар платформа дар шакли видео ҷойгир карда мешаванд ва шумо метавонед онҳоро дар вақти дилхоҳ ва дар ҳама ҷо тамошо кунед. Дарсҳои видеоӣ нав карда мешаванд.

Вазифахо

Супоришҳои тестӣ дар охири модул дода мешаванд. Танҳо донишҷӯёне, ки аз санҷиш бомуваффақият мегузаранд, метавонанд ба дарсҳои модули навбатӣ дохил шаванд.

Маълумоти мухтасар оиди курси Full Stack Web Development

  • Дарс ва практика: Бо забони тоҷикӣ
  • Соли навишташуда: 2023
  • Муддати курс: То 6 моҳ
  • Забонҳои барномасозӣ: PHP, HTML, CSS, JS
  • Фреймворкҳо: Laravel (PHP), Bootstrap (HTML, CSS), Vuejs (Js), JQuery (Js)
  • Муҳит: Localhost бо истифода аз Apache 2.4 ва MYSQL
  • Барномаҳое ки лозим мешаванд: Xampp, PHP composer, Visual Studio Code, Browser (Chrome, Firefox, Safari ва ё Edge)
  • Сатҳ: Beginner (аз 0 шуруъ мешавад)
  • Натиҷа: Барои нақшакашӣ, сохтан ва ба истифода додани як веб платформаи мукаммал омода мешавед

Барнома ва фреймворкҳое, ки дар ин курс омӯзонида мешаванд

ИНСТРУКТОРИ ШУМО

Салом, ман Shavkat ,
бо истифода аз 10 сола таҷрибаам дар ин соҳа, ин курсро ба Шумо омода кардам.

Пас аз хатми курс шумо шаҳодатнома мегиред

Шаҳодатнома пас аз хатми курс ин эътирофи расмии дастоварди шумо аст ва метавонад ба ҷои кор қабул кардан кумак кунад. Бо иҷрои лоиҳаҳои ин курс, шумо метавонед кори аввалини худро ҳамчун Junior Web Developer шуруъ кунед.

Ҳамкорони мо
Гувоҳиномаҳо

Донишҷӯёни мо чӣ мегӯянд

Беш аз 50,000 нафар курсҳои гуногуни Mohirdevро гирифтанд

Ман хеле хушҳолам, ки шумо ба ҷавонони мисли мо дар рушду камолот кумак мекунед.

Баъди ба кор шурӯъ кардан, маълум шуд, ки курс ба ман кӯмаки калон расонд. Пеш аз ин курс, ман танҳо асосҳои html css ва javascript-ро медонистам. Ҳоло, ман як барномасоз дар сатҳи junior шудам. Барои ин ба Моҳирдев ташаккури зиёд

Саволҳои бисёр пурсидашуда

Full Stack Development дар худ сохтани веб платформае ки ҳам қисми берунӣ / шакли зоҳирӣ (frontend) ва ҳам қисми дохилӣ (backend)-ро меомӯзад.

Ширкати Mohirdev таҷрибаи калон дар сохтани барномаҳои гуногун бо истифода аз технологияҳои навтаринро дорад. Инструктурони Mohirdev таҷрибаи кор бо ширкатҳои бузурги дунёро доранд ва то имрӯз 50,000 нафар аз курсҳои моро ёд гирифтанд.

Бо гирифтани ин курс, шумо метавонед асосҳои таҳияи Full Stack, аз ҷумла чӣ гуна сохтани замимаҳои вебро бо истифода аз фреймворкҳои машҳур ба монанди Laravel (PHP), Bootstrap, Vuejs ва JQuery -ро омӯзед. Шумо инчунин тарзи эҷод ва идоракунии пойгоҳи додаҳо (database), навиштани коди сервер ва ҷойгиркунии замимаҳои худро дар абр (cloud) меомӯзед.

Ин курс барои онҳое ҳаст ки завқи бузург дар сохтани вебсайтҳо ва дар оянда хоҳиши кор кардан дар ширкатҳои бузурги IT ро доранд.

Барои гирифтани ин курс аз ҳама муҳим завқ ва иродаи хондан лозим аст. Агар каме таҷриба дар сохтани вебсайтҳо дошта бошед ва ё HTML, CSS ро қисман донед, курсро метавонед осонтар ва зудтар ба анҷом расонед. Вале дар ин курс ҳамаи ин забонҳоро аз 0 ёд дода мешаванд.

Курс аз як силсила дарсҳои видеоӣ сохта шудааст, ки ҳар як дарс ба дарсҳои баъдӣ пайваст мешавад. Ба шумо инчунин машқҳои гуногун, тестҳо ва проетҳои дода мешавад, то ки фаҳмиши худро дар бораи курс дар амал татбиқ кунед.

Курс ба таври худкор сурат мегирад, аз ин рӯ шумо метавонед барои анҷом додани он ҳар қадар вақте ки доред метавонед ҷудо кунед. Аммо курс дар шакле тарҳрезӣ шудааст, ки дар тӯли 3-6 моҳ анҷом дода шавад, агар шумо дар як ҳафта 2-3 соатро сарф кунед.

Вақте ки шумо ба курс номнавис мешавед ва пардохт мекунед, шумо ба ҳама дарсҳои видеоӣ, машқҳои тестӣ ва проектҳо дастрасӣ пайдо мекунед. Шумо инчунин имкон доред, ки ба ҷомеаи (телеграм группаи пӯшидаи) дигар донишҷӯёне, ки Full Stack Development-ро меомӯзанд, ҳамроҳ шавед ва бо ҳам суҳбат кунед. Устоди курс низ ба Шумо ҳар вақте лозим шуд кумак мекунад.

Ҳамкорони мо дар Mohirdev метавонанд ба ҳама саволҳое, ки шумо дар бораи курс доред, ҷавоб медиҳанд. Барои маълумоти бештар метавонед бо мо дар телеграми @mohirtj дар алоқа бошед.

Ба зиёда аз 50 ҳазор донишҷӯён ҳамроҳ шавед

Маҳорати рушди худро то ҳадди аксар расонед ва касби навро омӯзед.